Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба истеҳсоли атласу адрас зиёд мешавад

Апрель 11, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Атласи Хуҷанд» дубора ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли атласу адрасро роҳандозӣ намуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳоло дар корхонаи мазкур 32 адад дастгоҳҳои матоъбофӣ насб гардида, истеҳсоли атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.
Дар корхонаи мазкур беш аз 40 нафар бонувон ва ҷавонон машғули кор буда, дар ин коргоҳ зиёда аз 60 намуди матои атлас ва 30 намуди матои адрас истеҳсол мешаванд.
Аз нигоҳи сифат ва тарҳ матоъҳои асласу адрас ба талабот ҷавобгӯ буда, давоми моҳҳои январ-марти соли 2017 аз ҷониби корхонаи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 0,92 ҳазор метри мураббаъ матои атлас истеҳсол карда шудааст.

Апрель 11, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад