Дастаҳои мунтахаби бонувони Урдун ва Филиппин пешсафи гурӯҳи «А» дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар Душанбе гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби бонувони Урдун ва Филиппин баъди бозиҳои даври сеюм, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷараён гирифтанд, пешсафи мутлақи гурӯҳи «А» дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар Душанбе гардиданд.
Мизбони бозиҳои финалии Ҷоми Осиё -2018- дастаи мунтахаби Урдун дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Ироқ ба дарвозаи ҳарифаш 10 голи беҷавоб зада, мавқеашро дар зинаи аввал устувор намуд ва танҳо вохӯрии байни дастаҳои Филиппин ва Урдун метавонад ба ҷойгиршавии дастаҳо тағйирот ворид кунад. Дар вохӯрии байни дастаҳои Урдун ва Ироқ ҳамлагари дастаи мунтахаби Урдун Мейса Ҷбараҳ ба дарвозаи Халат Ассад Мустафо 4 тӯб зада , покер кард. Нимҳимоятгари урдуниҳо Стефани ал-Набир муаллифи се гол гардида, хет-трик намуд.
Дар бозии дастаҳои бонувони Тоҷикистон ва Филиппин низ натиҷаи калон ба қайд гирифта шуд. Филиппиниҳо ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон 8 гол заданд, ки сетоашро Ҳали Лонг ба самар расонид ва хет-трик кард.
Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо натиҷаи сулҳомези 1:1 ҷамъбаст шуд ва дастаи мунтахаби Баҳрайн бо 4 имтиёз аз Тоҷикистон пеш гузашт.
Бозиҳои иинтихобии Ҷоми Осиё-2019 байни бонувон
Гурӯҳи «А». Даври 3
ТОҶИКИСТОН Филиппин 0:8
Голҳо: Ева Мадаранг, 17 (1:0). Аниска Кастанеда, 34 (2:0) Ҳали Лонг, 38 (3:0). Сара Изобел Арриета Кастанеда, 48 (4:0). Ҳали Лонг, 59 (5:0). Ҳали Лонг, 84 (6:0). Аниска Кастанеда, 85 (7:0) . Мари Кристиан Дуран, 90 (8:0).
Тоҷикистон: Сахина Саидова, Дилафрӯз Шарифова, Ҷонона Ҳалимова, Ирода Ҷӯраева, Сайрам Холназарова, Наталя Сотникова, Мадинаи Искандарӣ (Зулайхо Сафарова, 58), Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева (Насиба Олимова, 42), Марҷона Файзуллоева (Лайло Ҳалимова, 88)
Огоҳӣ: Ҷонона Ҳалимова (Тоҷикистон).
7 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
АМА Баҳрайн 1:1
Голҳо: Шаҳад Ҷосим, 50 (1:0,АМА). Дина, 84 (1:1, Баҳрайн).
Огоҳӣ: Ниҳол Мамдуюн (АМА)
7 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
Урдун Ироқ 10:0
Голҳо: Шаҳноз Ҷабрин, 1 (1:0). Луна ал-Масрӣ, 20 (2:0). Стефани ал-Набир, 27 (3:0). Майса Ҷбараҳ, 45+5 (4:0). Стефани ал-Набир, 61(5:0, пеналтӣ). Майса Ҷбараҳ, 65 (6:0). Заҳра Аҳмад Брисам, 77 (7:0, автогол, Ироқ) Майса Ҷбараҳ, 79 (8:0). Стефани ал-Набир, 81 (9:0). Майса Ҷбараҳ, 84 (10:0).
5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
Б Ғ М Бт/ тИ
1 Урдун 3 3 0 0 22-09
2 Филиппин 3 3 0 0 16-09
3 Баҳрайн 3 1 1 1 5-74
3 ТОҶИКИСТОН 3 1 0 2 1-123
4 АМА 3 0 1 1 1-60
5 Ироқ 3 0 0 3 0-200
Бозиҳои боқимонда:
Даври 4
10 апрел (душанбе)
13:00 Ироқ АМА
16:00 Тоҷикистон Урдун
19:00 Филиппин Баҳрайн
Даври 5
12 апрел (чоршанбе)
13:00 Урдун Филиппин
16:00 АМА Тоҷикистон
19:00 Баҳрайн Ироқ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






