Фаъолияти Кумитаи рушди маҳал ба самти некӯаҳволии мардум равона шудааст
ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба пешниҳоди таклифҳо барои такмили идоракунии маҳаллӣ дар асоси натиҷаи таҳлил ва омӯзиши ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли равон ва вазифаҳои минбаъдаи кормандони ин ниҳод доир гардид.
Бег Қурбонзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа иброз дошт, ки «Кумита ҳамчун мақоми марказӣ сиёсати ягонаи рушди маҳалро пеш мебарад. Инчунин аз рӯи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ, ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот, мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳо барои онҳо ва таҳияи барномаҳо барои рушди иҷтимоӣ- иқтисодӣ кор бурда мешавад».
Дар ҷаласа зикр шуд, ки фаъолияти Кумита бештар ба самти некӯаҳволии мардум равона шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






