Фестивали «Парасту-2017»: сатҳи касбии иштирокчиён боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Туҳфа Фозилова — арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» бо иштироки олимону санъатшиносон, адибону театршиносон ва мутахассисони соҳаи театри тоҷик ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳарии Тоҷикистон ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017»-ро, ки ба ифтихори 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова аст, баррасӣ намуда, изҳор дошт, ки сатҳи касбии иштирокчиёни имсолаи фестивал-озмун назар ба солҳои пешина хеле боло рафтааст.
«Туҳфа Фозилова дар саҳнаи театри драмавии тоҷик аз драматургияи миллӣ ва ҷаҳонӣ нақшҳои зиёд офаридааст. Ӯ дар рушди санъати кинои миллӣ саҳми назаррас гузошта, дар филмҳои «Дохунда», «Ибни Сино», «Тӯфон дар Осиё», «Зумрад», «Имрӯз ва фардо», «Достони ду дилдода» нақш офаридааст»,-зикр шуд дар ҷамъомади мазкур.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






