Футболи тоҷикро ширкати амрикоии «Coca-Cola» сарпарастӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 08.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон /ФФТ/ ва ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» ба муҳлати се сол созишномаи сарпарастӣ ба имзо расониданд. Маросими ба имзорасонии созишнома рӯзи 7 апрел дар толори конфронсии ФФТ баргузор гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишномаро ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва директори генералии ширкати ҶСК «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» Эзел Агаоғлу ба имзо расониданд.
«Мо мусобиқаҳои футболро дар Тоҷикистон назорат мекунем ва медонем, ки миёни футболбозони тоҷик бозингарони ояндадор бисёранд. Футболи кӯдакону наврасон хуб рушд мекунад», — гуфт директори генералии ширкати ҶСК «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» Эзел Агаоғлу зимни суханронӣ пас аз маросими баимзорасонӣ ва зикр кард, ки «пӯшида нест, ки нӯшокиҳои мо миёни ҷавонон, аз ҷумла варзишгарон хеле маъмуланд. Мо бо хушнудӣ ба қароре омадем, ки бо ФФТ созишнома ба имзо расонем ва умедворем, ки ин созишнома ба рушди футбол дар мамлакат мусоидат мекунад. Мехостам нақши бузурги ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷураевро, ки аслан бо шарофати ӯ мо ба ин қарор омадем, зикр намоям. Футбол яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар ҷаҳон мебошад. Неруи футбол дар он аст, ки миллионҳо одамонро, новобаста аз миллат ва динашон ба ҳам мепайвандад. Ширкати мо аз соли 1928 инҷониб сарпарасти Бозиҳои олимпӣ мебошад. Аз соли 1978 инҷониб ФИФА-ро расман сарпарастӣ мекунад. Мо якчанд лоиҳаҳо дорем, ки мехоҳем онҳоро дар доираи рушди футбол дар Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили бозиҳои Ҷоми Кока-Кола, инчунин қабули эстафета оид ба намоиши Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки ба ҳамагон маълум аст, мусобиқаи навбатии он соли 2018 дар Россия баргузор мегардад, татбиқ намоем. Мо нақша дорем, ки Ҷоми ҷаҳонро моҳи январ ё феврали соли оянда ба Душанбе орем. Фикр мекунам, ки барои Тоҷикистон ин ҳодисаи муҳим хоҳад буд».
Ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ба ширкати «Coca-Cola» барои дастгирӣ изҳори сипос намуда, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки созишнома ба муҳлати се сол ба имзо расидааст.
«Соли равон ширкат омодагиашро барои расонидани кумак ба федератсияи мо дар ҳаҷми 160 ҳазор сомонӣ изҳор намуд. Охири сол мо масъалаи ҳаҷми дастгирии минбаъдаро баррасӣ мекунем. Ин маблағҳо, пеш аз ҳама, ба дастгирии дастаҳои мунтахаб – аз асосӣ то наврасон, аз ҷумла занон равона карда мешаванд. Умедворем, ки ҳамкории мо бо ин ширкати маъруфи ҷаҳонӣ рушд ва таҳким меёбад», — изҳор дошт Хуршед Мирзо.
Ёдовар мешавем, ки ширкати хӯрокии амрикоии «The Coca-Cola Company» бузургтарин истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи консентратҳо, шарбатҳо ва нӯшокиҳои бе спирт дар ҷаҳон мебошад. Ширкат дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар давоми 25 соли охир «Coca-Cola» бренди арзишмандтарин дар ҷаҳон боқӣ stop-sleepiness-meds.com.
«The Coca-Cola Company» куҳантарин сарпарасти ҳаракати олимпӣ маҳсуб мешавад. Ширкат соли 1928 бори нахуст сарпараст гардид. То соли 2013 «Coca-Cola» бо беш аз 190 кумитаи миллии олимпӣ ҳамкорӣ мекард. Аз соли 1992 инҷониб ин ширкат яке аз ташкилкунандагон ва сарпарастони эстафетаи машъали олимпӣ буда, аз соли 1996 инҷониб намояндаи эксклюзивии ин эстафета, ки баргузории онро дар ҳамаи Бозиҳои олимпии охир ба зимма гирифтааст, мебошад.
Шурӯъ аз соли 1974 ширкати «The Coca-Cola Company» шарики расмии ФИФА ва аз соли 1978 сарпарасти расмии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мебошад.








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






