Хуршед Муртазоқулов Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ» дар Санкт- Петербург муаррифӣ мекунад

Апрель 7, 2017 12:48

ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/.  Хонандаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хуршед Муртазоқулови 12-сола  Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ»  (Football for Friendship), ки дар Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон баргузор мегардад,  муаррифӣ менамояд. Ин ташаббусро ҶСО «Газпром», ки шарики асосии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол -2018 мебошад, роҳандозӣ кардааст.
Амина Конурбаева, роҳбари лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ»  дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар нишасти хабарӣ дар мақомгоҳи ФФТ арз кард, ки мақсади асосии лоиҳа- ин ривоҷу равнақи футбол байни кӯдакон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ мебошад.
Аз рӯи гуфтаи Амина Конурбоева, имсол  шумораи кишварҳое, ки ба ин барнома пайвастаанд, хеле зиёд гардида, аз 32 ба 64 давлат  расидааст ва Лоиҳа футболбозони навраси чор қитъа  Африка, АвруОсиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолиро ба ҳам меорад.

Апрель 7, 2017 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад