Изҳороти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷиҳати ба таваққуфгоҳ баргардонидани ҳавопаймои Боинг 737-900
ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел, пеш аз парвози ҳавопаймои Боинг 737-900-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд, дудолудшавии дохили ҳавопаймо зоҳир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, сабаби дудолудшавӣ воситаи шустушӯие гашт, ки ҳангоми иҷрои корҳои нақшавӣ қабл аз парвоз барои тоза кардани муҳаррик истифода шуда буд. Дар доираи гузаронидани тафтишот муайян гашт, ки омехтаи боқимондаи маҳсулоти тозакунӣ тавассути муҳаррик ба шабакаи гарму хунуккунии ҳавои дохили ҳавопаймо ворид гашта, боиси дудолудшавӣ ва бӯй дар дохили ҳавопаймо ва кабинаи ҳавонавардон шуд.
Дар натиҷа, сарҳавонаварди ҳавопаймо мувофиқи дастурамал қарори дахлдор қабул кард, ки ба таваққуфгоҳ баргардад ва фавран оид ба ин ҳодиса гурӯҳи роҳбаладонро огоҳ намуд. Роҳбаладон дар навбати худ мувофиқи дастурамал ба мусофирон ҳолатро фаҳмонида, эълон карданд, ки ҳавопаймо ба таваққуфгоҳ бармегардад.
Инчунин манбаъ зикр намуд, ки ҳамаи мусофирон чанд соат пас тавассути ҳавопаймои дигари ширкат ба Хуҷанд интиқол дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






