Коргоҳҳои саноатии Суғд бо 41 мамлакати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ доранд

Апрель 22, 2017 09:37

ХУҶАНД. 22.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 454616,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  26,9 фоиз зиёд гардидааст. Ҳоло коргоҳҳои саноатии вилояти Суғд бо 41 мамлакат, аз  ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва 31 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар семоҳаи аввали соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилоят ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 81,4 фоиз ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 18,6 фоиз рост омад. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 34,6 фоиз ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 1,3 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ин давра содироти меваи хушк 23,7 фоиз ва маҳсулоти маъданӣ 2,7 баробар афзуда, дар ин радиф, маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои вилояти Суғд дар ин давра бештар ба мамлакатҳои Қазоқистон, Чин, Ўзбекистон, Туркия ва Италия афзалияти содиротӣ доштанд.

 

 

Апрель 22, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад