Кормандони гумрук молу маҳсулоти бо роҳи қочоқ воридгардидаро ошкор намуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ қоҷоқи молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро, ки аз Чин ба қаламрави кишвар ворид карда шудаанд, ошкор намуданд. Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳрвандон Н. Н. ва Ш. У. дар асоси ваколатнома, ҳамчун намояндагони ҶДММ «Ирфон Рустам» фаъолият намуда, барои ба даст овардани даромади муфт тавассути воситаи нақлиёти тамғаи «Шакман», рақами қайди давлатиаш 705 ХН 01 бо ядакаш ва нақлиёти тамғаи «Долун», рақами қайди давлатиаш 706 ХН 01 бо ядакаш аз Чин беш аз 8 номгӯй молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили матоъҳои занона, ҷуробҳои кӯдакона, рӯйпӯш барои хоб, масолеҳи сохтмонӣ, тунука, электрод, тухмипошаки ҷуворимакка ва кафелро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди ҷумҳурӣ намуданд.
Онҳо бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва декларатсияи бори гумрукӣ як номгӯйи мол, яъне кафел бо вазни умумии 14 ҳазор килограмм ва масолеҳи сохтмонии кошинкорӣ ба миқдори 13 ҳазор килограммро нишон дода, дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма» эъломияҳои бори гумрукии дар боло дарҷгардидаро тартиб дода, онҳоро аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи қочоқ ба ҳудуди кишвар ворид намуданд. Вале онҳо аз ҷониби гумрукчиёни кишвар боздошт гардиданд. Арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрвандон Н. Н. ва Ш. У. 880 ҳазору 585 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба намояндагони ҶДММ «Ирфон — Рустам» Н.Н., Ш.У. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






