Маҳдудият ба кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон ҷиҳати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар
ДУШАНБЕ, 05.04.2017/АМИТ «Ховар»/. 5 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он шурӯъ аз роҳбарият то корманди қатории мақомоти гумруки Тоҷикистон аз гирифтани шаҳрвандии кишвари дигар маҳрум мегарданд. Дар сурати соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ шахс ҳуқуқ надорад дар мақомоти гумруки Тоҷикистон фаъолият намояд.
Зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумон гуфт, ки «ин тадбир бо мақсади ҳифзи манфиатҳои сиёсию давлатӣ ва соҳибихтиёрии кишвар андешида шудааст, зеро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ барои кормандони мақомоти қудратӣ дар мадди аввал меистад». Мавсуф афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва равандҳои ҳассосу пуртазоди ҷомеаи муосир дар масъалаи ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.
Дар маҷмӯъ мақсади ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи майи соли 2016 дар асоси баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйирот ворид карда шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба ду Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳадаф мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






