Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вилояти Хатлон бо дастгоҳи замонавӣ таъмин гардид

Апрель 27, 2017 10:35

ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таҳлили лахташавии хун ва бемориҳои дил дар филиали Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вилояти Хатлон дастгоҳи замонавии «Гемостаз»-АВГ-2-0,2П ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, дастгоҳи мазкур инчунин барои нигоҳ доштани хунравӣ, ҷарроҳии занон ҳангоми хунравӣ ва омилҳои биологии хун истифода мешавад.
Бояд зикр намуд, ки барои ҳуҷраҳои нигоҳдории ҷузъҳо ва зардобаҳои тайёркунии хун дар шаҳру ноҳияҳо 150 адад дастурамал «Оид ба истифодабарии клиникии ҷузъҳои хуни донорӣ ва маводи он» дастрас карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки ба беморони вазнин дар асоси санадҳои клиникӣ сари вақт кумаки фаврӣ расонида шавад.

Апрель 27, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад