Маросими гусели сарбозоне, ки хизмати худро бошарафона ба итмом расонидаанд

Апрель 13, 2017 12:11

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гусели сарбозоне, ки хизмати худро ба итмом расонидаанд, идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, бо ин мақсад  дар қисмҳои ҳарбии Кумита маъракаҳои тантанавӣ, ки дар он ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ ва вилояти Суғд баргузор гашта, дар он аз номи роҳбарияти кумита ба сарбозон  миннатдорӣ барои хизмати содиқонаи онҳо  изҳор  карда шуд. «Шумо қарзи ҷавонмардии худро бо сарбаландӣ ва поквиҷдонона ба анҷом расонидед. Мо миннатдории худро ба шумо барои иҷрои намунавии вазифаҳои ҳарбӣ баён менамоем».

Дар маросим ба сарбозон билети ҳарбӣ, медал, диплом ва рутбаҳои ҳарбӣ супорида шуд.

Апрель 13, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик