Маросими гусели сарбозоне, ки хизмати худро бошарафона ба итмом расонидаанд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гусели сарбозоне, ки хизмати худро ба итмом расонидаанд, идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, бо ин мақсад дар қисмҳои ҳарбии Кумита маъракаҳои тантанавӣ, ки дар он ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ ва вилояти Суғд баргузор гашта, дар он аз номи роҳбарияти кумита ба сарбозон миннатдорӣ барои хизмати содиқонаи онҳо изҳор карда шуд. «Шумо қарзи ҷавонмардии худро бо сарбаландӣ ва поквиҷдонона ба анҷом расонидед. Мо миннатдории худро ба шумо барои иҷрои намунавии вазифаҳои ҳарбӣ баён менамоем».
Дар маросим ба сарбозон билети ҳарбӣ, медал, диплом ва рутбаҳои ҳарбӣ супорида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






