Машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд
ДУШАНБЕ, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар» /. Аз 4 то 7 апрел дар машқгоҳи «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ доир мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, машқҳои муштарак дар асоси нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он дар се марҳила ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.
Дар машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои қӯшунҳои хушкигард ва ҳайати шахсии сохторҳои қудратии мамлакат, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, ширкат намуда, силоҳу муҳимоти мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ истифода мегарданд.
Ҳадафи машқҳои муштарак- сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳроро дар бар мегирад.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






