Маводи мухаддир-яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ» машварати илмӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академия хабар доданд, дар машварат муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷурахон Кабирзода иброз дошт, ки дар кулли дунё тамаддунҳои мухталиф бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва кӯшиш мекунанд, то дастрасиро ба он маҳдуд намоянд. «Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зӯроварона ва тундгароие, ки ба терроризм мебарад, барои солҳои 2016-2020, аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,- афзуд Ҷурахон Кабирзода.
Дар машварат устодони Академия дар мавзӯи «Хусусиятҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблема ва дурнамо», «Нашъамандӣ ҳамчун вабои аср» ва «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир- сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм» маърӯза карданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






