Нақши пул дар ҳаёти ҷомеа ва қоидаҳои идоракунии он

Апрель 4, 2017 10:28

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи №53-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Такмили маърифати молиявии аҳолӣ» семинари машваратӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Ҳадафи семинар баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари хонандагон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни семинар ба иштирокдорон дар мавзӯъҳои нақши пул дар ҳаёти ҷомеа, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имкониятҳои хонавода, усулҳои пасандозкунӣ ва идоракунии хавфҳои он ва нақши хонавода дар рушди иқтисодиёт дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Апрель 4, 2017 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик