Намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии 11 кишвари минтақа нақши соҳаи авиатсияро дар рушди иқтисодӣ муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони расмии ширкатҳои ҳавопаймоии 11 кишвари узви Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (CAREC) дар пойтахти Сингапур мулоқот намуда, масоили таҳкими имкониятҳо ва рушди робитаҳои иқтисодӣ миёни ширкатҳои ҳавопаймоии миллии кишварҳои узви Барномаи мазкурро (CAREC) мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди масъули Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева иттиллоъ дод, намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» низ дар ин мулоқот иштирок намуданд.
Бонки Осиёии Рушд ҳамоҳангсози Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (CAREC) буда, аз соли 2001 инҷониб нақши котиботро дар ин Барнома ба зимма дорад. Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва 6 сохтори идоравии Бонки Осиёии Рушд дар доираи Барномаи CAREC фаро гирифта шудаанд.
«Аксарияти кишварҳои узви Барномаи CAREC роҳи мустақими баромад ба баҳрро надоранд, бинобар ҳамин нақлиёти ҳавопаймо муҳимтарин воситаи робита дар минтақа ва омили рушди иқтисодӣ миёни ин кишварҳо боқӣ мемонад», — таъкид намуд дар мулоқот директори шуъбаи нақлиёт ва алоқаи Раёсат оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Шиахонг Янг. Номбурда чунин изҳор кардааст: «Дар баробари ҳамин, мавқеи ҷуғрофии кишварҳои узви Барномаи CAREC имконият медиҳад, ки минтақа ба гузаргоҳи асосии мусофиркашонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва маркази асосии интиқоли молу коло табдил дода шавад».
Иштирокдорони мулоқот изҳор карданд, ки нақлиёти ҳавопаймоӣ барои рақобатпазир ва арзон нигоҳ доштани бозори маҳсулоти меваҷот ва сабзавот мусоидат намуда, ҳамчунин барои дар муддати кӯтоҳтарин интиқол додани мусофирон аз як кишвар ба дигар кишвари минтақа мувофиқ мебошад.
Зимнан, нақлиёти ҳавопаймоӣ баҳри рушди бахшҳои кишоварзӣ, матлубот ва соҳаи сайёҳӣ, инчунин сафарҳои корӣ кумаки бевосита мерасонад. Дар баробари ҳамин, маҳдудияти маблағгузории молиявӣ ба соҳаи авиатсия, инкишофи ғайриқаноатбахши соҳаи мазкур, набудани созишномаи бисёрҷониба миёни ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (CAREC) нақши соҳаи авиатсияро дар рушди иқтисодӣ маҳдуд сохтааст.
Боиси тазаккур аст, ки раисии миёнадаврии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (CAREC) имсол ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар ин муддат Тоҷикистон ҳамкории минтақавии бахшҳои нақлиёт, энергетика ва тиҷоратро дар навбати аввал гузошта, ҷиҳати рушди соҳаҳои судманди тарафҳо саъю талош мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






