Натиҷаи фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии пойтахт дар 3 моҳи аввали соли равон ҷамъбаст гардид

Апрель 24, 2017 19:20

ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки  Қурбон Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва масъулони соҳа оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти     нақлиёти мусофиркашонии пойтахт  дар семоҳаи аввали соли равон   нишасти матбуотӣ  доир гардид.

Дар нишаст Қурбон Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе зикр кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо  фаъолон ва  роҳбарияти шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли равон доир гардида буд,  ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт,  баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  танзими ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва хизматрасонии босифат ба аҳолиро аз масъалаҳои ҳаётан муҳими соҳаи хоҷагидории пойтахт қарор додааст.

«Дар  3  моҳи соли 2017  дар  соҳаи  хизаматрасонӣ ба мусофирон як қатор дигаргуниҳо ба амал омад. Аз ҷумла   ҷиҳати хизматрасонии беҳтар ба мусофирон  дар якчанд хатсайрҳои пойтахт   тағйирот ба амал омада, шабакаҳои дохилишаҳрӣ такмил ёфтанд. Дар ин давра  фаъолияти  7 адад  Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд, ки ба  мусофиркашонӣ машғул буданд,   бинобар ҷавобӯ набудани  хизматрасониашон ба мусофирон боз дошта шуд.

Дар ин давра  тавассути  воситаҳои нақлиёти мусофирбари  шаҳри Душанбе    42 миллион мусофир кашонида шуда, зиёда аз 3000 адад нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла 300 адад автобус, 70 адад троллейбус,  2000  адад нақлиёти мусофиркашонии хурдҳаҷми тамғаи «Старекс»,  «Меrsedes Sprinter»  ва ғайраҳо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат расониданд»,- афзуд Қурбон Саидзода.

Автобусы ДушанбеДар нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки  баъди   мавриди истифода қарор гирифтани   40 адад автобусҳои нави  мусофиркашии  тамғаи «ISUZU»   дар хатсайри №1 ва №3 дар пойтахт   сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар гардида, дар моҳи июли соли равон      ворид намудани   боз 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи мазкур дар назар аст, ки он барои  қонеъ намудани талаботи  мусофирон  ва ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофиркаш  дар ҳамаи хатсайрҳо   мусоидат менамояд.

Фосилаи ҳаракати байни  автобусҳои нави мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои №1 ва №3  ва дигар хатсайрҳо дар соатҳои  пурҳаракат 3 дақиқа ва дигар вақтҳо 5 дақиқаро ташкил медиҳанд, -иброз дошт Қурбон Саидзода ва афзуд, ки автобусҳои мусофиркаше, ки қаблан дар хатсайрҳои мазкур мавриди истифода қарор доштанд, барои пурра гардонидани  нақлиёти мусофиркаш дар хатсайрҳо №18 ва №8   интиқол дода шуданд.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки   дар айни ҳол рушди дурнамои соҳа таҳия гардида истодааст, ки он  барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёти мусофиркаш  ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани  он дар пойтахт  нигаронида шудааст.

Дар нишаст  ҳамчунин зикр гардид, ки мусофирон низ дар навбати худ бояд барои тозаву озода нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркаш масъулияти баландро  эҳсос намоянд.

 

                                                                      Рухсораи  НУР

Апрель 24, 2017 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд