Омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон

Апрель 7, 2017 12:49

ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Соли ҷавонон 14 апрел дар Душанбе Форуми байналмилалии  соҳибкорони ҷавон  таҳти унвони  «Ҷавонон- муҳаррики рушди  соҳибкории инноватсионӣ» доир мегардад, ки дар он ҳудуди 400  соҳикборони ҷавон  ширкат хоҳанд кард.
«Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва иораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шоҳзод Раҳимов, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷалби чавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон арзёбӣ мегардад. Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форум  намоиши инноватсионии дастовардҳои  соҳибкорони ҷавон  ва ҷавонони фаъол ташкил карда шавад.

Апрель 7, 2017 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад