«Пакрут» барои пешбурди фаъолият беш аз 180 млн доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб намудааст

Апрель 12, 2017 10:25

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут» ба имзо расид.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, созишномаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» Юй Чжунчин ва аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» Ли Ююй имзо намуданд.
Тибқи ҳуҷҷати мазкур сармоягузории сохтмон ва истифодаи кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ (дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна дар як сол ва дар марҳилаи дуюм низ 660 ҳазор тонна дар як сол), беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин лоиҳаи сармоягузориро ба сомон расонида, ҷиҳати амалигардонии ин корҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд.
Аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» барои пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 180 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Апрель 12, 2017 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст