Роҳандозии дарсҳои омӯзишии тарбиявӣ барои афсарони масъул
ДУШАНБЕ, 22.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд роҳандозии дарсҳои омӯзишии тарбиявӣ барои афсарони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ҳатмӣ шуд.
Тавре ки аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар асоси нақшаи омодагӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ҷамъомади навбатии якрӯзаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд.
Ҷонишини сардори Раёсати корҳои тарбиявии кумита, подполковник Зариф Забиров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки афсаронро зарур аст на танҳо дониши назариявӣ, балки малакаи касбии худро бо ташкили корҳои тарбиявӣ ҷиҳати таҳкими фазои ахлоқиву равонӣ дар коллективҳои ҳарбӣ такмил диҳанд.
Дар ҷараёни ҷамъомади якрӯза дарсҳои мавзӯӣ гузаронида шуда, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбӣ бо корҳои тарбиявӣ ошно гардиданд.
Қарор аст чунин дарсҳо ҳар моҳ гузаронида шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






