Роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва ва Бонки миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва савдои сомонӣ/рубл миёни Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Игор Марич, узви Раёсати Биржаи Москва муҳокима гардиданд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ, нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд. Бонки миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини рушди босуботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои гуногун ба низоми молиявӣ равона сохтааст.
Ҳамчунин Игор Марич изҳор дошт, ки ҳадафи ҳайати мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон буда, ба ин васила ҷонибҳо метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Номбурда дар хусуси доир намудани амалиёт тавассути биржа бо истифода аз фишангҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб маълумот пешниҳод кард.
Инчунин Ҷ. Нурмаҳмадзода зимни вохӯрӣ оид ба пайдо шудани заминаи ҳуқуқӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» ҷиҳати иштирок дар амалиёти гуногуни бозори байнибонкӣ зикр намуд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба дар ин самт таҳлил ва омӯзиши дақиқ ҷиҳати манфиатовар будани он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






