Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид

Апрель 3, 2017 14:44

ДУШАНБЕ, 03.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҳавзаҳои интихоботии №25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва №62 (ноҳияи Фирдавсӣ) интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷои вакилони хориҷшуда баргузор гардид.
Мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, пас аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо дарёфти 84,80 дарсади овозҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ дар ин ҳавза ҷойгузини шаҳрдори пешин, ки ваколаташ пеш аз муҳлат, 7 феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт қатъ гардида буд, интихоб шуд.
Дар ин ҳавза бо Рустами Эмомалӣ номзадҳо аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов (7,81 дарсад) ва Ҳикматуллоҳ Саидиён аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон (2,65 дарсад) рақобат карданд.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии интихобкунандагон дар интихобот 86,69 нафар иштирок карданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №62 (ноҳияи Фирдавсӣ) номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайзода 75,11 дарсади овозҳо, номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Мавсума Абдуллоева 11,65 дарсади овозҳо ва Васила Файзуллобекова — номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дирӯз ҳамчунин дар ҳавзаҳои интихоботии №4, №8, №23 ва № 24 интихоботи вакилон ба ҷои вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ доир шуд.
Дар ҳавзаи интихоботии №4 интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода 74,75 дарсади овозҳо ва Абдуҳалим Раҷабов, номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 17,72 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.
Дар ҳавзаи интихоботи №8 вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Низом Ҳакимзода 74,63 дарсад ва номзад аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Иноят Дадоҷонова 18,7 овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №23 интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор 73,97 ва номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Тоҷев Манучеҳр Наҷмуддинович 18.24 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №24 интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Шариф Самӣ 74,07, номзад аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Шарифамо Каримова 12,84 ва номзади худпешбар Ислом Гадойбоев 8,70 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.

Апрель 3, 2017 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад