Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи он, ки муҳити интернет ба ҷавонон чӣ таъсирҳо метавонад дошта бошад
ДУШАНБЕ, 24.04.2017./АМИТ “Ховар”/. Дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз хусуси зиёни баъзе аз шабакаҳои интернетӣ, бардошти нодуруст ва гирифтории наврасону ҷавонон аз онҳо таъкид шуда буд. АМИТ “Ховар” дар ин асос имрӯз ва минбаъд бо ҳадафи додани маълумоти бештар дар ин мавзуъ ва мавриди андешаву муносибати оқилона қарор додани ин зуҳуроти баҳсталаби рӯз гузориш ва мақолаҳои таҳлилӣ ба табъ хоҳад расонд.
Василаҳои нави алоқа, хусусан интернет ба тарзи муносибати байниҳамдигарии инсонҳо таъсири амиқу намоён гузоштаанд. Бояд иқрор шуд, ки имрӯз интернет, телефонҳои мобилӣ ва дигар технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ имконияти фиристодану қабул кардани ахбороти матнӣ, ба роҳ мондани алоқаҳои садоӣ ва видеоиро бо хароҷоти нисбатан хеле арзон ба вуҷуд овардаанд. Интернет воситаи дуҷонибаи табодули ахбори омма қарор гирифтааст. Истифодабаранданони муҳити интернетӣ на фақат сарчашмаи қабули ахборанд, онҳо ҳамчунин соҳиби нерӯи паҳнкунандаи ахбор дар доираҳои муайян буда, ҳамчунин байни ҳамдигар дар мавзӯҳои муайян табодули ахбор мекунанд. Илова ба хусусиятҳои хоси нишондиҳандаҳои технологӣ ҳаяҷон, ҷозибият, ҳамчунин моҳияту имконияти бемаҳдуду беохири ин технологияҳо боиси он гардидааст, ки ҷавонон истифодабарандагони шабакаҳои интернет гардидаанд.
Сарфи назар аз сарҳадҳои ҷуғрофӣ, имрӯз фақат бо фишурдани якчанд тугмача метавон ба ҷониби дигар занг зад, баёни андеша ё эътироз намуд ва ё аз ширкати худ дарак дод. Ҳамчунин тавассути китобхонаи электронӣ ҷавонон метавонанд ба маҷмӯаҳои илмиву фарҳангие, ки дар худ ҳама маълумотро дар тамоми гӯшаю канори дунё доранд, ба асарҳои удабо ва улламо даст ёфта, бо ёрии барнома ва воситаҳое, ки тавассути интернет пешниҳод мешаванд, роҳҳои нави баёни андеша, ғояҳо ва дигар фарҳангҳоро биомӯзанд ва бидонанд. Раванди ҷахонишавӣ (глобализм, globalizatiоn), падидае, ки аз нимаи асри 20 шуруъ шуда, имрӯз идома дорад, аз ҷумла тасарруф ва назорати интернет аз ҷониби кишварҳои абарқудрат боиси он шудааст, ки назар, андеша ва ҳамчунон рафтори шахсиву ҷамъиятии ҷавонони имрӯза аз насли пешин ба куллӣ тафриқа дорад.
Ҳузури насли ҷавон дар шоҳроҳи ахборотӣ, дастрасии онҳо ба имкониятҳои фазои интернетӣ, бавижа технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ҷиҳати ташаккули шахсияти онҳо на танҳо кӯмакҳои фаровон мекунад, балки мушкилоти зиёде низ ба вуҷуд меорад. Дар ҷомеаи имрӯза ҷавонон сарчашмаҳои гуногуну мухталифи иттилоотро дар ихтиёри худ доранд, ки аз онҳо хусусиятҳои арзишнок ва хоси тарзи зиндагии худро дармеёбанд. Аз ҷониби дигар таъсири ин сарчашмаҳо нақши хонавода, маҳал, хусусиятҳои миллӣ ва миллиятро кам мекунад.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки асри иттилоот ном бурда шудааст, шахсият асос ва моҳияти пешинаи худро тадриҷан аз даст медиҳад. Шиддатнокӣ ва вусъати дигаргуншавии шахсӣ дар насли нав чунон аст, ки дар баъзе мавридҳо бӯҳронҳо дар шахсият эҳсос мешавад. Ҷавонон, хусусан дар даврони наврасӣ, ки дар ин айём шахсият ташаккул меёбад, пайваста кашфиёт ва амалишавии арзишҳоро пайгирӣ мекунанд.
Бо интернет ва бо вусъати бузурги ахбороти гуногуни ҳайратовар рӯ ба рӯ омада, онҳо маҷбуранд хусусиятҳои хоси худро пайдо кунанд. Хусусиятҳои хоси шахсият аз сифатҳои хусусии одам шакл гирифта, шахсияти ҷамъиятии ӯ дар муҳити гуногунии ҷомеа ва гурӯҳҳо ба вуҷуд меояд.
Имрӯз интернет саҳнаи фарҳангиву ҷамъиятиест, ки ҷавононро ба мавзеъу мавқеъҳои гуногун раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ як қисмати шахсияти ҷавонон дар натиҷаи алоқамандӣ бо воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шакл мегирад. Чунин муҳит шахсияти номуайян ва ноустуворро ба вуҷуд меорад. Тараққиёти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба дигаршавии ҷидии арзишҳо, назарҳо ва тарзи зиндагии мардум, хусусан ҷавонон боис мегардад.
Теъдоди мавҷудаи шабакаҳои радиову телевизион, интернет, сомонаҳои бешумори интернетӣ ва дигар сарчашмаҳои дар якҷоягӣ нерӯи бузурге барои гузоштани таъсири маърифатӣ ба одам мебошанд. Ин таъсир на фақат дар назару андешаҳои ҷавонон, балки дар тарзи либоспӯшӣ, ороиши мӯисар, макияж ва ҳамчунин қоидаҳои рафтор дар ҷомеа ба назар мерасад.
Яке аз таҳдидҳои муҳити интернетӣ иститифодабаранди шахсияташ номаълум аст. Дар майдони суҳбат ва иртибот бисёре аз истифодабарандагон бо нишондодҳои ғайривоқеӣ ба истифодабарандагони дигар аз номи одами вуҷуднадошта (тахаёюлӣ) муроҷиат мекунанд. Яъне эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ин шахсони номаълум ахборот, назар ва арзишҳои дурӯғин, ҳатто барои ҷомеа хатарнок, аз қабили экстремизм, терроризм, дунёбезорӣ, инсонбадбинӣ, фаҳш ва ғайра пешниҳод намуда, ҷавононро зери таъсири фарҳанги паст, арзишҳои нодуруст, зиёовар ва хатарбор, таълимоти хеле дур аз одобу ахлоқи ҳамида гузоранд ва бо мақсадҳои ғаразнок ба бероҳаҳо бикашанд.
Ҷавонон дар майдони интернет барои иҷрои ҳама гуна нақш вақт меёбанд. Дар ҳақиқат бошад ҷавонон худро дар муҳити хоса мебинанд, дар муҳите ки метавонанд сифатҳои гуногуни шахсияти худро зоҳир кунанд, зеро интернет барои онҳо муҳити ҷамъиятиро иваз мекунад. Аз ин рӯ ба баъзе ҷавонон дахолати волидайн ба истифодабарии онон аз интернет ё телефони мобилӣ хуш намеояд. Ҳарчанд дар ин муҳит ба ҷавонон барои ба даст овардани таҷриба ва эҳсоси ширкат имкониятҳои хуб даст медиҳанд. Аммо мушкил дар он аст, ки ҷавонон дар ин муҳит ҷуръат мекунанд андеша ва арзишҳои манфӣ ва нодурусти худро низ ривоҷ диҳанд.
Дар чунин ҳолат хонавода, оила нерӯ ва аҳамияти худро аз даст медиҳад, зеро одатан одамоне, ки аз интернет истифода мекунанд, ба аъзои оила камтар аҳамият медиҳанд, ки оқибат ба суст шудани муносибат бо аъзои хонавода, хусусан волидайн мегардад. Аз ҷониби дигар як қисмати ахборот аз захираҳои интернет ҷавобгӯи талабот ва умедвории волидайн набуда, дур аз эҳтиром ба бузургсолон, арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ, майлу кӯшиш ба донишандӯзӣ, риояи тартибу интизом ва ахлоқи ҳамидаанд.
Ба ибораи дигар, интернет ҷудоии байни наслҳо ва волидайну фарзандонро афзунтар мегардонад. Аз ҷиҳати дигар баъзе намояндагони насли ҷавон аз фарҳанги моддии ғарбӣ, ки тавассути муҳити интернетӣ паҳн мегардад, нусха гирифта, танҳо будан ва зиндагӣ дар муҳити маҷозӣ (виртуалӣ)-ро авло медонанд ва омода нестанд, кӯшиш ҳам ба харҷ намедиҳанд, ки оила барпо кунанд.
Имрӯз машғулияти доимӣ бо компютер, интернет, телефони мобилӣ боис мешавад, ки одамон, билхосса ҷавонон барои оила ва дӯстон хеле кам вақт ҷудо мекунанд. Ҷавонон дар муҳити интернет, дар канори одамони ношинос ва бегона наҷоту бехатарии тахайюлии худро эҳсос намуда, дар олами маҷозӣ зиндагӣ мекунанд. Оламе, ки аз олами воқеӣ фарқ мекунад.
Аз ин рӯ, вақте ҷавонон вориди ҷомеа мешаванд ва бо мушкилоти воқеии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ меоянд, онҳо ба муқобили ин мушкилот нерӯи лозима намеёбанд, зеро гирифтори парешонӣ ва эҳсосоти худ ҳастанд.
Муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки ҷавононе, ки аз интернет хеле зиёд истифода мекунанд, нисбат ба ҳамсолонашон чандон ба худ бовар надоранд.
Танҳо он ҷавононе метавонанд ба ин таъсирҳо муқовимат кунанд, ки метавонанд аз ахбороти бешумор дурусту даркорияшро шинохтаву сара науда гиранд ва ба ҷои вақтхушӣ ва масрафи беҳудаи вақт дар Интернет ин технолгияро бо мақсадҳои нек ва муфид самаранок истифода баранд.
Мутаасифона, муттасадиёну муттахасисон дар тамоми дунё, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафта то ҳол натавонистанд тавре ки мебояд бартарӣ ва камбудиҳои ин технологияи навро биомӯзанд ва ба муқобили падидаҳои зараровари он чораҳои судманд биандешанд. Имрӯз ин яке аз мавзӯҳои доғи ҷомеа аст ва мо ба он боз бармегардем.
Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ “Ховар”