14 ОКТЯБР — РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар Тоҷикистон 110 номгӯй имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз тариқи «Равзанаи ягона» ба ҳолати 1 октябри соли 2025 377 ҳазору 129 субъекти хоҷагидор фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 15 ҳазору 330 субъект ё 4,2 фоиз зиёд мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Таҷлили ин сана аз он сарчашма мегирад, ки 18 марти соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид. Дар доираи ин сана ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар ҷумҳурӣ «Ҳафтаи соҳибкорӣ» гузаронида мешавад. Соли равон дар Рӯзи соҳибкорон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» гузаронида мешавад, ки мавзуи асосии он «Сармоягузории “сабз”: имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» мебошад.
110 номгӯй имтиёз барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ
Чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар ҷумҳурӣ бо мақсади расидан ба ин авлавият якчанд имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ, ҳоло барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ қариб 110 номгӯй имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Барои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки сарчашмаи ташкили ҷойи нави кор, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мебошад, инчунни барои муқаррар намудани имтиёзҳо ба соҳибкорон чораҳои ташкилию ҳуқуқиро амалӣ менамояд.
Соҳибкорӣ-воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян карда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба зиёда аз 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз 2 ҳазор корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи кор, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ карда шуд».
Ташаккули муҳити соҳибкорӣ ва рақобати озоди бозорӣ
Ташаккули муҳити соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки рақобати озоди бозорӣ ба вуҷуд ояд, шароит барои шуғли аҳолии бекор, аз ҷумла тавассути шуғли худӣ ва суботи воридоти андоз таъмин карда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чун яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намуд. Ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ
Дар ҷумҳурӣ барои истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имконияти шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ то соли 2030 якчанд нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян гардидаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст.
Қабули қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ
Дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Инчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.
Беш аз 90 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардиданд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар бахши соҳибкорӣ беш аз 90 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки муносибати бахши хусусиро такмил дода, танзим менамоянд. Дар маҷмуъ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон қонунгузорӣ тамоми имтиёзҳоро муқаррар намудааст, ки ҳадафи асосии он дастгирии давлатии бахши соҳибкорӣ мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст
Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид






