Соли ҷавонон: дар Тоҷикистон неруи асосии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд

Апрель 14, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушди устувор» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ иттилоъ доданд.
Дар конфронс Сулаймон Давлатзода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, баргузории чунин ҳамоишро идомаи мантиқии ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон арзёбӣ кард.
Афшини Муқим, котиби масъули маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» оид ба мавзӯи «Ҷавонон ва таъмину нигаҳдорандаи суботи миллӣ» иброз дошт, ки иштироки ҷавонон дар рушди бахшҳои мухталифи ҳар давлату миллат ҳамеша аз ҷумлаи мавзӯоти калидиест, ки худи ҷавонон, коршиносон ва дар маҷмӯъ, соҳибназарон пайваста ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар мисоли Тоҷикистон соҳае нест, ки дар он қишри ҷавони мамлакат ҷалб нашуда бошад, зеро бештари аҳолии кишварро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд.
Яке аз бахшҳои муҳиме, ки дар дилхоҳ давлат таъмину нигаҳдошти он бе иштироки насли ҷавон муҳол аст, ин амният ва суботи миллӣ маҳсуб мешавад. Ба он сабаб, ки маҳз дар натиҷаи сулҳу амнияти комил метавон ба рушду тавсеаи дигар бахшҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонон неруи асосии кишварро ташкил медиҳанд ва табиист, ки танҳо истифодаи босамар аз ин неру метавонад дар нигаҳдошти суботи миллӣ ва ба ин васила рушду пешрафти дигар бахшҳо муассир бошад.
Ҳукумати малакат аз нахустин солҳои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ роҳу равиш ва сиёсати мунтазами худро нисбат ба ҷавонон муайян намуда, ин наслро ҳамчун неруи тақдирсози миллат шинохт. Дарвоқеъ, неруи насли ҷавон аз он хотир тақдирсоз дониста мешавад, ки дар сурати дуруст ва мақсаднок истифода шудани ин неру аз ҷониби давлат он метавонад дар самти бароварда сохтани ормонҳои миллӣ мусоидат намояд ва дар акси ҳол, дар ҳолати ба таври шоиста истифода нагардидани неруи ҷавонон гурӯҳу фирқаҳои манфиатхоҳ метавонанд ба ҳар роҳу васила ин наслро сӯистифода намоянд»,- зикр намуд Афшини Муқим.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ ва шинохти дурусти арзишҳои исломӣ», Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи имкониятҳои «неруи нарм» дар пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон», Бахтиёр Юнусзода, мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Неруи созандаи ҷавонон- омили рушди устувори ҳаёти ҷамъиятӣ» маърӯза намуданд.

Апрель 14, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд