Солимии ҷомеа аз пойдориву устувории оила вобаста аст
ДУШАНБЕ, 18.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани хурофотпарастию бегонапарастӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ, барпо намудани оилаи солим ва нест кардани хушунат дар оила байни сокинони шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун вохӯрӣ баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино хабар доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки зӯроварӣ дар оила аз нокофӣ будани дониши оилаҳо ба амал омада, сабаби хушунат ва байн рафтани ҳурмат мегардад, ки оқибати он ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад. Бо мақсади устувор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ва пешгирии никоҳи хешу таборӣ, ки ба носолим ба дунё омадани фарзандон боис мегардад, соли 2015 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон гардид.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки ҷомеаи суннатии мо бо арзишҳои оиладории худ пойдору устувор буд, аммо имрӯз вайроншавии оилаҳо зиёд мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо никоҳи хешутаборӣ авҷ мегирад, ки ин хатари калон ҳам ба оила ва ҳам ба ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки баҳри пешгирии чунин зуҳурроти мушкилбарангез тадбирҳои мушаххас андешида, қабл аз ҳама, устувории оилаҳоро дар ҷомеа таъмин намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






