Таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри ноширони Озарбойҷон дар Китобхонаи миллӣ
ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи китобҳои тозанашри ноширони Озарбойҷон таъсис дода мешавад. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баён карда шуд.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории китобхонаҳои ду кишвар ва таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри Озарбойҷон дар Китобхонаи миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сайфиддин Назарзода меҳмонро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллӣ, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ошно намуд. Дар ин дидор чандин масъала дар иртибот ба тақвияти ҳамкории китобхонаҳои Тоҷикистон бо китобхонаҳои Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Зимни вохӯрӣ Аббосалӣ Гасанов хостори таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри кишвараш дар Китобхонаи миллӣ шуд, ки он аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ истиқбол гардид.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст ин гӯша дар толори адабиёти хориҷӣ ташкил шавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






