«Ваҳдат дар ирсияти миллати мост» — шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (17.04.2017,№78) оид ба мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардида, дар он Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда буданд, хабари расмӣ нашр кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур масоили тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои СААД дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои СААД, ҳамчунин вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва дурнамои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (18.04.2017,№79) бахшида ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақолаи Қ.Абдуллозода бо сарлавҳаи «Сарнавишт» чоп шудааст. Муаллифи мақола аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат баҳри барқарории сулҳ ёдоварӣ намуда, навиштааст: «Дар ҳамон шабу рӯзҳои барои мардуми мо тақдирсоз дар яке аз муроҷиатномаҳои худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қотеъона ва бо як ҷасорати бесобиқа гуфта буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Нашрия ҳамчунин мақолаҳои «Меҳргон ояд ба хидмат…», «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ», «Боғдорӣ дар кӯҳистон», «Пилла, оғози мавсими нав» ва ҳамчунин хабарҳои муҳимро аз ҳаёти мамлакат ва кишварҳои ҷаҳон пешкаши хонандагон намудааст.
Дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (19.04.2017,№80) гуфтаҳои зерини роҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳтаро нашр кардааст: «Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва пешбурди зарурати талошҳои бештари созанда барои боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу суботи сартосарӣ, амният ва рушди гуманитарӣ дар тамоми ҷаҳон изҳори омодагӣ менамояд. Иродаи қавии роҳбарияти олии ин кишвар бори дигар бозгӯи пешсаф будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самту арсаҳо мебошад, ки ҳамаи ин нишондиҳандаҳо ба фаъолият ва талошҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон пайванд ва созгор аст». Нашрия ҳамчунин хабарҳоро оид ба нахустҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония, ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти ВКД дар давоми се моҳи аввали соли равон, мулоқоти раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо намояндаи доимии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Алӣ Песнанӣ ва дигар навгониҳоро аз кишварҳои олам нашр карда, мақолаҳои «Хатлон, чанд паҳлӯи як проблема», «Ноболиғон, агар падару модар хунукназарӣ кунанд», «Ваҳдат саодат аст», «Бо гувоҳи таърих» ва шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро бо номи «Кист террорист?!» пешкаши хонандагон намудааст.
Нашрияи парламентии «Садои мардум» (20.04.2017,№42) аз ҷараёни Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, сардорони мақомот ва идораю корхонаҳои шаҳрӣ баргузор гардид, хабари муфассал нашр кардааст. Тавре дар хабар омадааст, «Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати дар корҳои сохтмонӣ истифода набурдани масолеҳи зудоташгиранда, нигоҳдории воситаҳои нақлиёту ҷойи партовгоҳ бо назардошти меъёрҳои санитарӣ, роҳравҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон, назорати корҳои навсозии роҳу пулҳо, ҳолати тозагӣ ва сифати роҳҳо, таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва захираи онҳо, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии бозорҳои коммуналию хусусӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, ташкили ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод». Нашрия инчунин мақолаҳои «Сабаби болоравии қурби асъори хориҷӣ дар чист?», «Носири Хусрав – ноҳияе бо аҳолии каму имкониятҳои зиёд», «Камаров – ганҷи нуҳуфтае, ки ниёз ба муаррифӣ дорад»-ро пешкаши хонандагон намудааст.
Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» (20.04.2017,№16) аз вохӯрии гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотӣ бо кормандони НБО-и Роғун иттилоъ додааст. Олуфта Бодурӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мулоқот бо кормандони НБО-и Роғун изҳор кард, ки «Ҳар як бинокори иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими халқи тоҷик тағйироти ҷиддӣ ворид хоҳад сохт. Неругоҳи Роғун асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва минтақа хизмат хоҳад кард. Ҳамин аст, ки имрӯз давлату миллати тоҷик аз он умеди калон дошта, аз бинокорон танҳо бо сифати баланд ба истифода додан ин иншооти азими асрро хоҳонанд». Баъд аз мулоқоту суҳбати гурӯҳи таблиғотию ташвиқотӣ бо иштироки ҳунармандон ва сарояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамбли «Базморо», гурӯҳи ҳунарии «Гулшан», гурӯҳи рақсии «Зебо» ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Шакарханд» маҳфили адабиву фарҳангӣ доир гардид.
Нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (19.04.2017,№16) мақолаи Ҳ.Ализодаро бо сарлавҳаи «Ваҳдат дар ирсияти миллати мост» нашр намудааст. Муаллиф нисбат ба рисолати таърихии сулҳофарии Сарвари давлати тоҷикон навиштааст, ки сиёсатмадорони дунё ва халқҳои дигар ҳанӯз чандин сол пештар аз худи мо ба Эмомалӣ Раҳмон унвони «Пешвои асри 21» додаву ӯро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Дар идомаи мавзӯъ муаллиф навиштааст: «Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кам нестанд афроде, ки ба сулҳи мо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранд. Тӯли ин муддат ҳамасола иддае аз норизоёни раванди сулҳ ҳаққи мардум будани Ваҳдати моро сарфи назар карда, иддао пеш меоранд, ки гӯё баъзе аз мушкилоти иҷтимоӣ барои сулҳу салоҳи ояндаи мо хатар эҷод мекунанд». Воқеан ҳам баъзе мансабпарастону манфиатҷӯён то ҳол аз сулҳу салоҳи мардуми тоҷик вазифахоҳӣ, мансабпарастӣ мекунанд, аммо, хушбахтона, мардуми кишвар ба умқи масъала сарфаҳм рафтаву дигар ҳеҷ гоҳ домони ин сулҳи бадастомадаро аз даст сар намедиҳад. Нашрия ҳамчунин мақолаҳои таҳлилӣ ва ҷолибу рӯзмарра «Ба ҷаҳон бо диди нав нигарем», «Дирӯзу имрӯзи муқовимат бар таассуби динӣ», «Душанбе, масоили муҳими рушди иқтисод», «Ба садама ва танбашавии нақлиёт кӣ гунаҳкор?», «Ноболиғон ва ҷавобгарии ҳуқуқии онҳо»-ро дар шумораи навбатӣ нашр кардааст, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.