Варзишгарони Хатлон дар се моҳ 219 медал ба даст оварданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар вилояти Хатлон мусобиқаҳои варзишии гуногун доир мегарданд. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳоло таваҷҷуҳи зиёд ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар навоҳии дурдасти вилоят равона мегардад. Аксари ин мусобиқаҳо дар доираи барномаи «Корвони маърифат» баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли 2017 варзишгарони вилоят дар 16 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 219 медал гардиданд. Аз ҷумла, 58 медали тилло, 68 медали нуқра ва 93 медали биринҷӣ ба даст оварда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 65 медал зиёд мебошад.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






