Варзишгарони Суғд дар мусобиқаҳои ватанию байналмилалӣ 570 медал ба даст оварданд

Апрель 15, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли ҷавонон ва баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд зиёда аз 273 вохӯрию суҳбат, машварату мусобиқаҳо баргузор гардида, ба онҳо шумораи зиёди ҷавонон фаро гирифта шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра 143 нафар варзишгарони вилоят (31 нафар бонувон) дар 11 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 253 нафар варзишгарон (52 нафар бонувон) дар 6 мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷа варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ 570 адад медал ба даст оварданд, ки 212 адади он медали тилло, 189 адад медали нуқра ва 169 адад медали биринҷӣ мебошанд.

Апрель 15, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд