«Як бор ҷастӣ малахак…» Соҳибкоре, ки ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон шакар ворид мекард, ба даст афтод

Апрель 15, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар якҷоягӣ бо кормандони гурӯҳи кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз анбори корхонаи яхмосбарории соҳибкори инфиродӣ У. А., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба миқдори 133 ҳазору 350 килограмм шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ва 36 ҳазору 700 килограмм шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон мусодира гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, моли мазкур ба соҳибкори инфиродӣ У.А., соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дорад. Номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи хулосаи филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии ташхисҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши умумии шакари истеҳсоли ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон дар маҷмӯъ 1 миллиону 45 ҳазору 807 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд У. А. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Апрель 15, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад