15 май — Рӯзи байналмилалии оила: дар фарҳанги мардуми тоҷик оила ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст
ДУШАНБЕ, 15 .05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад.
Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.
Имсол бахшида ба Рӯзи оила Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як силсила барномаҳоро ба нақша гирифтааст.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба муносибати ин рӯз Кумита дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявро дар мавзӯи «Кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият» баргузор намуд. Ҳадафи он дарки муҳимияти мафҳуми оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ буд.
Бо ташаббуси Кумиати мазкур 13 майи соли равон дар боғи «Ирам» дар байни оилаҳои ҷавон озмуни варзишӣ баргузор гардид. Инчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ ду тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасури 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд.
Имрӯз дар боғи «Ирам» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктори илмҳои равоншиносӣ ва иқтисодӣ Саидмурод Давлатов бо донишҷӯён ҷамъомад баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд.
Ибодат ДАВЛАТОВА








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






