20 май веломарафони ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Май 3, 2017 10:39

ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 майи соли равон дар қаламрави кишвар веломарафони ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар марафони мазкур намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо теъдоди 7 нафарӣ аз Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Рашт ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, дар веломарафони пойтахт низ иштирок мекунанд.
Онҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ваҳдату якдилии ҷавонон дар рӯзи Дави миллӣ ва ҳамоиши ҷавонону Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май иштирок намуда, аз номи ҷавонони минтақаҳои кишвар намояндагӣ мекунанд.
Веломарафони ҷумҳуриявӣ дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон роҳандозӣ шуда, он тибқи хатсайри зерин доир карда мешавад:

1. Хоруғ- Шуғнон-Рӯшон- Ванҷ-Дарвоз-Шамсиддин Шоҳин-Кӯлоб- Восеъ- Данғара-Норак-Ваҳдат- Душанбе;
2. Хуҷанд-Спитамен-Истаравшан- Шаҳристон- Айнӣ- Варзоб- Душанбе;
3. Кӯлоб- Восеъ- Данғара- Норак- Ваҳдат-Душанбе;
4. Рашт-Нуробод-Роғун-Файзобод-Ваҳдат-Душанбе;
5. Кӯрғонтеппа-Абдураҳмони Ҷомӣ-Хуросон- Рӯдакӣ-Душанбе;
6. Турсунзода- Шаҳринав- Ҳисор-Душанбе.

Май 3, 2017 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид