22 май-Рӯзи байналмилалии гуногуннавъии биологӣ: дӯлонаи дарвозӣ дар зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии гуногуннавъии биологӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз соли 1992 зимни Конфронси СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ва рушди он Конвенсия оид ба гуногуннавъии биологӣ қабул гардида буд.
Мақсади Конвенсия нигоҳдории гуногунии биологӣ, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ-биологӣ ва манфиат ба даст овардан аз истифодаи сарватҳои генетикӣ мебошад. Дар айни ҳол 196 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Конвенсияи мазкур мебошад.
Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, кишвари мо ба гурӯҳи даҳ маркази ҷаҳонии бойтарини дорои гуногуннавъии биологии набототу ҳайвонот, аз ҷумла растаниҳои сершумори озуқадор, шифобахш, ороишӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ шомил мебошад.
Ба андешаи олимон, кӯҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бойи генофонди навъҳои гуногуни биологиест, ки барои эҷоди намудҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди боиқтидор мебошад. Дар асоси ин захираю имконот навъҳои нави селексионӣ ва зотҳои навро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дар бисёр марказҳои ҷаҳонии коллексионии захираҳои генетикӣ намунаҳои навъҳои генетикие маҳфузанд, ки дар кишвари мо ёфт шудаанд. Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон, олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад.
Табиати нодири Тоҷикистон ба вазъи экологӣ –глобалии сайёра таъсири назаррас мерасонад ва мувозинати экологиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин менамояд. Ҳудуди табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон ба 3,1 млн. га баробар мебошад, ки ин 22,1 % масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар тобеияти муассисаҳои давлатии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда 4 мамнуъгоҳи давлатӣ-«Бешаи палангон», «Ромит», «Даштиҷум», «Зоркӯл», 2 парки табиии «Сари Хосор», «Ширкент» ва боғи миллӣ дар ҳудудҳои ВМКБ, Лахш, Сангвор бо мақсади ҳифзу нигоҳдории популятсияҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти кишвар таъсис дода шудаанд.
Буҳрони молиявӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ дар якҷоягӣ бо тағйири глобалии иқлим ва афзоиши демографии аҳолӣ ба хароб гаштани бисёр экосистемаҳо боис мегарданд. Мо инро дар мисоли кишвари худ ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ баръало эҳсос менамоем. Дар натиҷаи ин равандҳо сохтори бисёр экосистемаҳо таназзул ёфтанд, нисфи масоҳати умумии ҷангалзорҳо ихтисор шудааст, минтақаҳои нодири чарогоҳҳои табиӣ осеб дидаанд, якчанд навъҳои растаниҳо ва ҳайвонот ба гурӯҳи навъҳои нодиру нобудшаванда шомил гардиданд.
Дар робита ба ин Директори Маркази миллии нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ Неъматулло Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири кам кардани таъсири номатлуби инсону ҷомеа ба муҳити атроф тадбирҳои муассиру мухталиф меандешанд, ки мақсад аз он нигоҳ доштани гуногуннавъии биологӣ ва дигар экосистемаҳо мебошад. Бо иштироки Барномаи рушди СММ ва дигар сохторҳои он оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногуннавъии биологӣ санадҳои бунёдӣ–Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёти марбут ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ, санади сиғавии миллӣ оид ба бехатарии биологӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарии биологӣ» таҳия ва қабул гардида, як силсила санадҳои дигари барномавӣ омода карда шудаанд, ки Маркази миллии нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоти ҳукуматӣ ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи амалии Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёти номбурда мусоидат менамояд.
«Ба шарофати ин саъю кӯшишҳо, ки аз ҷумла ба беҳдошти вазъи мавзеъҳои табиии ба таври махсус ҳифзшаванда, нигоҳдории захираҳои генетикӣ ва умуман гуногуннавъии биологӣ равона гардидаанд, ба мо имкон даст дод, ки талафоти гуногуннавъии биологиро пешгирӣ намоем. Гарчанде, ки ҳадафҳои Стратегия оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ пурра амалӣ нагардидаанд, метавон гуфт, ки дар кишвари мо фаъолияти мақсаднок дар ин ҷода натиҷаҳои муайян дод»,-мегӯяд Неъматулло Сафаров.
Ба андешаи номбурда, дар даҳ соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки уҳдадориҳои худро иҷро карда, то андозае пеши роҳи нест кардани ҷангалзорҳо, буридани дарахтон, шикори ғайриконунӣ ва нобуд кардани олами набототу ҳайвоноти нодирро бигирад.
Тавре директори Марказ зикр намуд, шумораи гуногунии биологии олами бои наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон ба 29 ҳазор мерасад, ки аз ин миқдор қариб 9 ҳазорашро намуди соддатарин ва тухмдорҳои олами наботот ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон чун дигар кишварҳо кам шудани теъдоди набототу ҳайвоноти нодир ба чашм мерасанд. Ба Китоби Сурхи ҷаҳонӣ бабри барфӣ, бузи пармашох, як намуд парранда бо номи товусаки биҳиштӣ, растании дубулға ва ду намуд дулонаи дарвозӣ дохил шудаанд.
Бино ба маълумоти ҳамсуҳбат, дӯлона як дарахти нодир аст, ки дар ҷойҳои хоси Тоҷикистон чор намуди он-дарвозӣ, хордор, туркистонӣ ва понтикӣ мерӯянд. Ин дарахтро асосан байни Дарвозу Даштиҷум дидан мумкин аст. Он тахминан 15-20 сол пеш кашф шуда, сабаби ба «Китоби сурх» дохил шудан генетикӣ (наслӣ) будани он мебошад. Намуди наслӣ он намудҳое ҳастанд, ки дар асоси онҳо инсон ба таври селексия намудҳои нави растаниҳои хӯрока, хӯроки чорво, ороишӣ ва дигар растаниҳоро ба даст меорад.
Захираи дӯлонаи понтикӣ нисбат ба дигар намуди дӯлонаҳо дар табиат бисёр аст. Масалан аз гули дӯлона, мева ва пӯсташ барои касалиҳои хусусияти рагу дилдошта дар мамлакатҳои ғарб дорую даво тайёр мекунанд, ки харидорони зиёд доранд.
Ба гуфтаи Н. Сафаров, қариб 1000 намуди растаниҳои Тоҷикистон ба рӯйхати растаниҳои доруворӣ ва фоидаовар дохил мешаванд ва бояд истифодаи он растаниҳое, ки дар захираашон табиат кам аст, манъ карда шавад.
«Солҳои охир мебинем, ки дар бозорҳои кишвар аз ҷониби савдогарон растаниҳои гуногун ба таври васеъ фурӯхта мешаванд. Ҳол он ки онҳо дар бораи ин растаниҳо тасаввурот надоранд. Намедонанд, ки онҳо заҳролуд ҳастанд ё не. Масалан як растанӣ хусусияти табобатӣ, дигараш бетарафӣ ва сеюмаш заҳрнокӣ дорад. Агар набототшинос набошӣ, аз куҷо муайян мекунӣ, ки кадомаш фоидаовар аст. Дар Тоҷикистон растаниҳои фоидаовар зиёданд, лекин майдонашон кам аст. То он вақте ки мо ин растаниҳои нодирро кишт накунем, коркарди онҳоро ба таври васеъ роҳандозӣ кардан ғайриимкон аст»,-гуфт ҳамсуҳбат.
Бабри барфӣ низ аз ҳайвонҳое мебошад, ки ба феҳрасти ҳайвонҳои нодир ворид гардида, дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои аз 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Онҳо дар марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ, нишебиҳои тез, дараҳои чуқур, харсангҳо ва сангтӯдаҳо сукунат менамоянд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ онҳо асосан дар минтақаи марғзорҳои алпии харсангдор вомехӯранд. Саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон тақрибан 250 сарро ташкил медиҳад.
Неъматулло Сафаров мегӯяд, ки шикори ғайриқонунӣ, маҳдуд гардидани саршумори туъма ва таназзули муҳити сукунат аз омилҳои маҳдудкунандаи ин ҳайвони нодир ба шумор мераванд. Инчунин он дар шароити сунъӣ хуб парвариш ёфта, дар аксар боғҳои ҳайвоноти дунё ва марказҳои парвариши ҳайвонот нигоҳубин карда мешавад.
Ба андешаи Неъматулло Сафаров, пурзӯр намудани мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба паст намудани хатари дарафтидани бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ, ҳамкории байнисарҳадӣ оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва таблиғи донишҳо дар байни омма аз тадбирҳои ҳифзи бабри барфӣ мебошад.
Олимон эътироф менамоянд, ки гуногунии биологӣ, аз ҷумла экосистемаҳо асос барои нигоҳ доштани ҳаёт дар рӯи Замин аст. Дар айни замон дар назар бояд дошт, ки захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд. Дар иртибот ба ин тадбирҳои дахлдор оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати фаромиллӣ доранд ва на фақат барои кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар навъи набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Мавҷуда АНВАРӢ