25 май-Рўзи умумиҷаҳонии кўдакони гумгашта: бемасъулиятии волидайн омили асосии бедарак гаштани кӯдакон мешавад

Май 25, 2017 13:59

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Муҳаммад Ғаззолӣ

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Санаи имрўз барои бисёр кишварҳои дунё Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда ба шумор меравад. Таърихи ин гуна унвон гирифтани ин рӯз аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарчашма мегирад. Дар ин рўзи соли 1979  мактаббачаи 6-солаи америкоӣ Эвиан Пейтс дар роҳ ба сӯйи хона гум мешавад. Ин ҳодиса дар саросари ҷаҳон акси садоҳои зиёдро ба бор оварда, кулли мардуми олам онро ҳамвора пайгирӣ менамуданд. Аммо, мутаассифона, тамоми корҳои ҷустуҷӯӣ дар роҳи дарёфти ин писарбача бенатиҷа анҷомид. Баъд аз сипарӣ гаштани 4 сол аз ин ҳодиса президенти ҳамонвақтаи ИМА Роналд Рейган 25 майро Рӯзи миллии кӯдакони гумшуда эълон намуд ва пас аз соле Маркази миллии кӯдакони гумшуда ва мавриди истисмор қароргирифта таъсис дода шуд. Ин иқдомро якчанд кишвари аврупоӣ ҷонибдорӣ намуданд ва соли 1997 Ташкилоти байналхалқии ҷустуҷӯйи кӯдакони гумшуда ва мавриди истисмор қароргирифта ташкил карда шуд. Маҳз бо ташаббуси ин Созмон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда эълон гардид. Имрўз дар сар то сари дунё онро таҷлил ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилии доғи рўз ҷалб менамоянд.

Бояд гуфт, ки масъалаи кӯдакони гумгашта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳолати фавқулодавӣ буда, барои волидон фоҷиаи ношуниданӣ ва боварнокарданӣ мебошад. Ва таъсиси ин рӯз бештар баҳри ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти гум шудани ноболиғон, муҳофизат аз беному нишон гаштани онҳо, ҳолатҳои душвори ҳаётӣ ва пешгирии ноболиғон аз гирифтор шудан ба истисмор равона гардидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи гумшудаҳо дар ҷаҳон ба миллион нафар мерасад ва сол то сол ин шумора меафзояд. Ба иттилои Созмони байналхалқии ҳуқуқӣ, ба ҳисоби миёна дар Аврупо ҳамасола 70 ҳазор ноболиғ, дар Россия-55 ҳазор, дар ИМА-800 ҳазор нафар беному нишон мегарданд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки шумораи бештари кӯдакони гумшуда бо хоҳиши худ аз хона, аз пеши волидайн мегурезанд, ки омили асосӣ- назорат накардани волидайн, ҷангу низоъҳо бо калонсолон, нофаҳмӣ ва хашм дар оила, майлу хоҳиши озод будан ва ҳама чизро «таҷриба» кардан ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то пеши роҳи ин омилро бигирад ва маҳз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мисоли хубест дар роҳи пешгирии ин мушкилоти мубрами рўз.

Айни ҳол Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии  он пешгирӣ ва назорати ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайне мебошад, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд хунукназарӣ зоҳир карда, дар бештари ҳолатҳо боиси аз хона баромада, бедарак шудани фарзандонашон мегарданд.

Сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти мазкур Сайфиддин Назаров иброз дошт, ки дар тӯли 4 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 140 нафар ноболиғон гум гаштаанд, ки 116 нафари онҳо дарёфт ва ба оилаҳояшон супорида шудаанд. 24 нафари онҳо давоми моҳи майи соли ҷорӣ пайдо ва ба оилаҳояшон баргардонида шуданд.

Мавсуф яке аз омилҳои асосии гум гаштани ноболиғонро дар бемасъулиятии волидайн медонад. «Омилҳои асосии гум гаштани ноболиғон аслан аз бемасъулиятии волидайн сар мезананд. Кӯдаконе, ки аз хонаҳояшон баромада ғайб мезананд, бештари онҳо аз оилаҳои ба истилоҳ носолим мебошанд, аз ҷумла, аз оилаҳое, ки падар ё модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар ин ҳолат бисёр кўдакон дар зери тарбияи хешовандони наздик, амак ё бобову бибияшон мебошанд, ки дар натиҷа аз беназоратии онҳо истифода бурда, баромада мераванд».

Ба гуфтаи Сайфиддин Назаров, танҳо дар 4 моҳи аввали соли 2017 нисбат ба зиёда аз 7 ҳазор нафар падару модарон дар ҳудуди ҷумҳурӣ санадҳои маъмурӣ бо моддаи 90 барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳо ирсол карда шудаанд.

«Танҳо дар  соли 2016 аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 2800 маротиба амалиёт гузаронида шудааст. Ин амалиёт бо номи шартии «Наврас, оворагард ва талбанда»  доир карда мешавад. Дар натиҷа 11 ҳазору 253 нафар ноболиғон барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда, бо падару модарони онҳо суҳбатҳо гузаронида шудаанд. Вақте ки ноболиғон ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оварда мешаванд, аксарияти онҳо аз оилаҳое ҳастанд, ки падару модаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду дар тарбияи хешовандони наздикашон мебошанд. Маълум мегардад, ки баъзе аз онҳо ҳатто 2-3 маротиба ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо даст задаанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки вақте мо муроҷиати падару модарро оид ба бедарак шудани ноболиғ қабул ва кормандони зерсохторҳоямонро сафарбар мекунем, маълум мешавад, ки онҳо аллакай барои оворагардӣ ё талбандагӣ ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд»,-таъкид кард зимни суҳбат Сайфиддин Назаров.

Бояд гуфт, ки  ёдоварӣ аз Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда моро ҳушдор медиҳад, ки фарзандонамонро пайваста назорат кунем, бо киҳо дӯстӣ доштанашонро донем, бо мактабу муаллимон дар алоқаи доимӣ бошем, то фарзандони мо чун насли сазовору ояндасоз ба воя расанд ва ҳамеша ба нафъи Ватану миллат хизмат кунанд.

Шаҳлои САДРИДДИН

 

Май 25, 2017 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард