31 май-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку: дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд

Май 31, 2017 12:12

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  (ТУТ) ҳамасола дар ҷаҳон 31 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии  мубориза бо тамоку таҷлил мегардад. Шиори имсолаи ин рӯз «Тамоку-таҳдид ба рушди инсон» мебошад.

Ҳамасола дар ҷаҳон тамоку қариб 6 млн. нафарро  ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст.  Агар дар ин самт тадбирҳои фаврию якҷоя  андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 10 млн нафар зиёдтар гардад.

Табак наш общий враг (3)Бино ба гуфтаи корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Давлатов,  дар ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо истеъмоли тамоку  корҳои зиёд  анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, лоиҳаи     Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав  ба Ҳукумати  ҶТ пешниҳод гардид. Дар ҳоли ҳозир он дар зинаи охирини мувофиқасозӣ қарор дорад.

Дар тамоми олам истеъмоли тамоку ба саломатии инсон хатари зиёд мерасонад. Дар асоси тадқиқоти баҳодиҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд. Аз ин шумора 78 % мардон, 10 % занон буда, 12 %-ро наврасон ташкил медиҳанд. Дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос хеле маъмул аст. Истеъмоли нос сабаби  бемориҳои саратони лаб, забон ва гулӯ мегардад. Ҳангоми кашидани нос як қисми он ба меъда рафта,  шахс метавонад  ба бемориҳои илтиҳоб ва захми меъда гирифтор шавад. «Мутахассисони соҳаи тиб таркиби носро ташхис намуда, ошкор намуданд, ки дар   он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок мавҷуданд»,-илова намуд мутахассиси соҳаи тиб.

Табак наш общий враг (2)Раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Илҳом Обидов чунин зикр намуд:  «Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид. Лоиҳаи қонуни нави ҷумҳурии мо дар айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Тибқи ин лоиҳа   кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад. Аз ҳамин сабаб бояд корфармо дар коргоҳ ва муассисаҳо  ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ ҷудо намояд»,-иброз намуд  Илхом Обидов.

Бино ба гуфтаи мусоҳиб, имрӯз бештари тарабхона, ошхона, умуман муассисаҳои хӯроки умумӣ барои кашидани тамоку ҷойи махсус надоранд ва аз  ҳамин сабаб муштариён бештар вақт дар дохили бино тамоку кашида, ба  саломатии атрофиён зарар мерасонанд.

Бояд гуфт, ки дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби ҷиддии халалдоршавии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ, дар одамони миёнасол метавонад сабаби зиёдшавии дараҷаи бемориҳои дилу рагҳо, дар давраҳои нисбатан баъдтари ҳаёт — бемориҳои саратонӣ (махсусан саратони шуш), инчунин зиёдшавии дараҷаи фавт аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ гардад.

Шахси  тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки ба наздиконаш низ таъсир мерасонад. Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

 

Май 31, 2017 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест