5 май дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кутоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 05.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз 5 май дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, шабона бебориш, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмудат меборад. Гармии ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 28+30 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои камабр шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ гардида, шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмудат меборад. Дар водиҳо гармии ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.








Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






