Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид

Май 16, 2017 10:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» оғоз гардид.
Барномаи мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ то 22 май идома меёбад. Дар кори он олимони ҷавон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо лоиҳаҳои илмии худ иштирок менамоянд. Дар давоми ҳафта ҷавонон барномаву ихтирооти худро дар мактабу коллеҷҳои техникии шаҳри Душанбе ба намоиш мегузоранд.
Ин форум соли шашум аст, ки гузаронда мешавад ва дар ин муддат ҷавонони тамоми ҷумҳуриро фаро гирифт. Мақсади озмун пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон ва наврасони болаёқати ҷумҳурӣ мебошад. Зиёд шудани лоиҳаҳои илмӣ ва шумораи ширкаткунандагон шаҳодат аз он медиҳад, ки сол ба сол шавқу рағбати ҷавонону наврасони мо нисбат ба фанҳои дақиқ бештар мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, баргузории чунин чорабиниҳо барои ҳавасманд гардидани ихтироъкорони ҷавон ва дар ҷумҳурӣ муаррифӣ гаштани маҳсули кори онҳо мусоидат менамояд. Дар назар аст, ки лоиҳаҳои беҳтарин соли оянда ба озмунҳои байналмилалӣ пешбарӣ шаванд.
Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсати маориф ва Мактаби рушди истеъдодҳои шаҳр қадрдонӣ мегарданд.
Маросими пӯшидашавии «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» 20 май дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» -и шаҳри Душанбе доир мегардад.

 

Май 16, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад