«Ҳарфи меҳру вафо, садоқату матонат, бовару эътимод ва эҳтирому сипос ба дӯсти бузурги ҷавонон — Пешвои миллат бигӯем» — шарҳи матбуот

Май 18, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муҳтавои шумораи навбатии  «Ҷумҳурият» (15.05.2017, №97-98) аз матни суханронии Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон, ки 13 май дар ноҳияи Данғара баргузор шуда буд, ҳамчунин хабару гузоришҳо, мақолаҳои таҳлилӣ ва дигар маводи матбуотӣ оид ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат иборат мебошад. Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат дар суханронии худ бо сокинони вилояти Хатлон аз тараққиёти бомароми иқтисоди миллӣ, оғоз шудани татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ёдовар шуда, чунин дастур доданд: «Вобаста ба хусусиятҳои хоси иқтисодӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияи он бо истифода аз захираву имкониятҳо доир ба рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ бояд тадбирҳои муассир андешанд».

Пешвои миллат ҳамчунин бо назардошти вазъи ноорому печидаи ҷаҳони муосир зимни мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон изҳор карданд: «Таъмин намудани амнияти давлат ва шаҳрвандон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ва ниҳоят муҳим мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдор тамоми чораҳоро дар ин самт андешида истодаанд».

Зикр карда шуд, ки кирдору рафтори баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла бархе аз ҷавонон, ки гирифтори доми фиреби равияҳои хатарноки экстремистиву террористӣ, афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан хурофоту хурофотпарастӣ шуданд, ҳатто ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид мекунанд, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад, ки чунин ҳолат «андешидани тадбирҳои қатъиву саривақтиро тақозо дорад». Дар идомаи мавзӯъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Касоне, ки аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона мераванд, дар хотир дошта бошанд, ки мо мазҳаби таҳаммулгарои худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом — Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад». Воқеан ҳам сокинони Тоҷикистон ҳаргиз дар ягон давру замон муҳтоҷ ба ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона набуданд ва имрӯз низ кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеъона маҳкум мекунанд. Дар суханронии Сарвари давлат таъкид карда шуд, ки «Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва махсусан сокинони вилояти Хатлон ҳамеша ҷонибдори тарзи зиндагии дунявӣ ва пешрафта буда, хурофоту ифротгароӣ ва бегонапарастиро қатъиян қабул надоштанд».

Нашрияи «Ҷумҳурият» (17.05.2017, №99) мақолаи Ато Ҳамдам, нависандаи шинохтаро бо сарлавҳаи «Идеал» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Бузургӣ ва моҳияти ходими намоёни сиёсӣ на танҳо бо он хидматҳое муайян карда мешавад, ки замони дар сари қудрат будан барои халқу кишвараш кардааст. Балки аз он ҳам бармеояд, ки анъанаҳои некро эҳё намудаву барои оянда чӣ роҳеро муайян кардааст ва таърихи халқашро бо имрӯзи он тавассути чӣ торҳое пайвастааст» ва таъкид кардааст, ки «ин нукта ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад». Муаллифи мақола оид ба хизматҳои Сарвари давлат, аз ҷумла, аз иншои китоби «Чеҳраҳои мондагор» ёдовар шуда, чунин хулосабарорӣ кардааст: «Тасодуф нест, ки Президент ҳамоҳангии афкору ниятҳояшро дар таърихи халқи хеш меҷӯяд ва асарҳояш низ ба таърихи мамлакат ва миллати куҳанбунёди тоҷик бахшида шудаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки он кас ояндаро беҳтар месозад, ки гузаштаашро накӯ медонад». Нашрия ҳамчунин мақолаҳои «Нӯшдору», «Эътимод», «Баъд аз имзои Созишнома…», «Киберҳамла» ва дигар маводро чоп кардааст, ки хонанда онҳоро бо хушнудӣ қабул мекунад.

Нашрияи парламентии «Садои мардум» (18.05.2017, №54) аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Станикзай, раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон хабари муфассал чоп кардааст. Дар мулоқоти Пешвои миллат тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Нашрияи парлумонии мамлакат ҳамчунин аз баргузор гардидани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши васеи расмӣ чоп карда, иттилоъ додааст, ки оид ба ҳар як масъалаи баррасишуда қарор қабул гардида, барои муҳокимаи минбаъда ба иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Шумораи идонаи нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» (18.05.2017, №20) ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол 23 май бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад, бахшида шуда, дар саҳифаи аввали он табрикоти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон пешкаши хонандагон шудааст. Дар табрикоти Рустами Эмомалӣ омадааст: «Хушбахту сарфарозам, ки шуморо бо Соли ҷавонон самимона муборак мегӯям. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки ман сарпарасти баргузории чорабиниҳои имсолаи ҷавонон ва ба ин восита шарики нишоту муваффақиятҳои дӯстони ҷавони худ бошам. Боварии комил дорам, ки бо иродаву матонат, донишу заковат, дарки ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаамон имсолро ба яке аз солҳои беҳтарину ширинтарини зиндагиамон табдил медиҳем. Пас биёед, дар меҳвари ҳадафҳои созанда ба хотири шинохти рисолати хеш дар ҳошияи ҳидоятҳои дӯсти бузурги ҷавонон – Пешвои миллат ҳарфи меҳру вафо, садоқату матонат, бовару эътимод ва эҳтирому сипос бигӯем ва дар шоҳроҳи бунёдкориву созандагӣ, рушду нумӯи кишвар садоқатмандонаву устувортар қадам бизанем».

Нашрия ҳамчунин табрикоти Давлаталӣ Саидов, муовини Сарвазир, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Асрор Латифзода, муовини Вазири мудофиа, Маликшо Неъматов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, инчунин дигар маводи ҷолибро аз муваффақиятҳову дастовардҳои ҷавонони саодатманди мамлакат чоп кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мақолаҳои «Аъзои ҳизб бояд намуна бошанд», «Маърифати ҷавонон- омили муҳими рушди кишвар», «Нуфузи хурофот заъфи илм аст»-ро дарҷ кардааст. Муаллифи мақолаи «Обро сарфакорона истифода барем» навиштааст: «Кишвари мо аз ҷиҳати захираҳои оби ширин дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Зиёда аз 50 дарёҳои манотиқи гуногуни ҷумҳуриамон, ки аз пиряхҳои азим сарчашма мегиранд, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир доранд». Аммо муносибати исрофкорона ба оби нӯшокӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳолатҳои бе назорат гузоштани мурувватҳои хатгузари оби нӯшокӣ, ки боиси исрофкорӣ мегарданд, аз ҳар яки мо тақозо мекунанд, ки нисбат ба ин неъмати бебаҳо эҳтиёткор бошем, — хулосабарорӣ кардааст муаллифи мақола.

                                                                                           Шореҳ

                                                                                      Акрам САНГЗОДА

Май 18, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид