Арзиши хизматрасониҳо барои мавсими Ҳаҷ-2017 муайян гардид

Май 17, 2017 17:32

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими Ҳаҷ-2017-ро муайян намуд, ки он 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад.

Тавре аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба маблағи зикршуда хароҷоти зерин дохил мешаванд:

  1. Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт)
  2. Будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷид-ул-ҳаром. Иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб.
  3. Иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб.
  4. Таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина.
  5. Таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа.
  6. Таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.
  7. Иқомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сарддидиҳанда.
  8. Анҷом додани қурбонии ҳоҷиён.
  9. Таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино.
  10. Таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина.
  11. Пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ
  12. Ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён.
  13. Таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ.
  14. Таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби Замзам аснои бозгашт ба Ватан.
  15. Таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд.
  16. Пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ)

Ҳаҷравандагон метавонанд маблағи зикршударо аз тариқи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пардохт намоянд.

Мавриди зикр аст, ки нархи имсолаи хизматрасониҳои ҳаҷ дар муқоиса ба соли гузашта бо қурби доллари амрикоӣ тақрибан бетағйир боқӣ мондааст. Аммо аз сабаби боло рафтани қурби доллар дар бозори асъор, ин омил ба арзиши умумии хизматрасониҳо дар мавсими ҳаҷи имсола бо пули миллӣ таъсир гузошт. Зеро қарордодҳои Кумита бо ширкатҳои хизматрасонии Арабистони Саудӣ бо доллари амрикоӣ сурат мегиранд. Гузашта аз ин, имсол Малакати Арабистони Саудӣ арзиши боҷи шоҳӣ (авоид)-ро барои ҳар як ҳоҷӣ 52 доллари амрикоӣ боло бурд.

Агар ба арзиши хизматрасониҳои ҳаҷ дар 5 соли охир таваҷҷуҳ намоем, хулоса кардан мумкин аст, ки қимати хизматрасониҳо дар 5 сол тақрибан бетағйир боқӣ мондаанд ё нисбатан арзонтар шудаанд.

Дар соли 2012 арзиши хизматрасониҳо 17 ҳазору 127 сомонию 79 дирам = 3546,12$, дар соли 2013 17 ҳазору 625 сомонию 30 дирам = 3649,13$, дар соли 2014 18 ҳазору 164 сомонию 92 дирам = 3654.90$, дар соли 2015 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирам = 3585.61$ ва дар соли 2017 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам = 3630,21$-ро ташкил дод.

 

 

Май 17, 2017 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад