Ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон меҳмони ҷавонони Истаравшан ва Мӯъминобод мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар асоси чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 15 то 18 майи соли равон ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар меҳмони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон мегарданд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, иқдоми мазкур бахшида ба Ҳафтаи ҷавонон ва Соли ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Субҳи имрӯз ду гурӯҳи ҷавонон иборат аз 50-нафарӣ ба самти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мӯъминобод сафар намуданд. Мақсади асосии сафар шиносоии онҳо бо расму оинҳои минтақаҳои кишвар, аз наздик шинос шудан бо урфу одат, таъриху фарҳанг ва суннатҳои хоси ниёгон мебошад.
«Иштирокчиёни чорабинӣ давоми се рӯз дар макони истиқоматӣ бо оилаҳои фаъолу намунавӣ ҳамсуҳбат гардида, дӯстии худро бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар мустаҳкам менамоянд»,- гуфтанд аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар асоси нақшаи мазкур давоми сол меҳмонии ҷавонон дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






