Ба 509 муассисаи савдо ва хизматрасонӣ барои дар 25 рӯз насб кардани ПОС- терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ зимни ҷаласаи кории намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода муҳокима шуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода оид ба вазъи ҷории бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва ҷараёни иҷрои қарори зикргардида маълумот дода, зарурати роҳандозии муомилоти ғайринақдиро ҳамчун омили асосии шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ дар низоми молиявии кишвар таъкид намуд.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 573 муассисаи савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуда, дар 64 муассисаи савдо ва хизматрасонии санҷидашуда ПОС- терминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо роҳбарон ва кормандони муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС-терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 509 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС-терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Дар баробари ин, нисбат ба чор нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои насб накардани терминалҳои электронӣ ва қабул накардани кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шуд.
Дар натиҷа 812 нафар соҳибкорон ба ташкилотҳои қарзӣ барои насби терминалҳои электронӣ муроҷиат намуда, дар айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар асоси дархости соҳибкорон раванди насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар ҷаласаи корӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи қарори зикргардида миқдори зарурии ПОС — терминалҳоро захира намуда, баробари муроҷиати соҳибкорон шартномаҳои дахлдорро ба имзо расонанд ва ПОС-терминалҳоро ба таври фаврӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб кунанд.
Инчунин ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки теъдоди хизматрасониҳои муосири бонкиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ зиёд намуда, имконияти барориши кортҳои кредитӣ, кортҳои пардохтии чипдор ва ғайритамосӣ, татбиқ намудани барномаҳои муосири бозории ҳавасмандкунии муштариён (бонусҳо)-ро дар якҷоягӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохти молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки то 1 майи соли 2017 миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, зиёда аз 1 миллиону 677 ҳазору 900 ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз 1 миллиону 654 ҳазору 100 нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин, то 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 740 адад ва 2 485 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1578 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 907 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.