Ба Дастури Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои кормандони техникӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ таъйин карда мешаванд. Қаблан ин рисолат бар дӯши Роҳбари Дастгоҳи палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон вогузор гардида буд. Дар робита ба ин 18 май дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ ба «Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Арамбегим Маҳтобшозода, раиси Комиссия оид ба назорати дастури Маҷлиси миллӣ, зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ин тасмим бо назардошти баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатии Палатаи болоии Парлумони кишвар гирифта шудааст. Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ ба «Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон буда, соли 2000 таъсис дода шудааст ва 33 нафар аъзо дорад.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






