Барои истифодаи симкортҳои ғайриқонунӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад

Май 5, 2017 15:54

ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли равон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои ба танзим даровардани симкортҳои мобилӣ, азнавбақайдгирии онҳо ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (шиноснома) тартиби ба фурӯш баровардани симкортҳо баррасӣ гардид.
Ҳамзамон қарор қабул карда шуд, ки барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳои мобилӣ, истифодаи он аз тарафи шахси дигар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда ва ҳангоми додани симкортҳо барои истифода ба шахсони ҷинояткор чунин шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи ин қарор рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Май 5, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад