Баррасии беш аз 50 масъала дар Шӯрои Маҷлиси миллӣ
ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 масъала дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 май дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллиро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карданд. Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ «Дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук ва дар маҷмӯъ зиёда аз 50 масъала муҳокима гардиданд. Масъалаҳои баррасишуда марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар буда, аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ баррасӣ гардиданд ва ҷиҳати ҷонибдорӣ ба иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фардо дар Душанбе баргузор мешавад, пешниҳод шуданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






