Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва низоми молиявӣ нишон медиҳад, ки тайи солҳои охир идомаёбии ноустувории молиявӣ дар кишвар фишорҳои қурбӣ ва таваррумиро дар иқтисодиёт афзун намуда, бинобар зиёд будани сатҳи долларикунонии низоми бонкӣ таъсири хавфҳои мавҷуда дар он бештар гардид. Вобаста ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани таъсири эҳтимолии хавфҳо ва солимгардонии низоми бонкӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Баҳри тезонидани раванди дедолларикунонӣ дар иқтисодиёт, баланд бардоштани эътимод ва боварии аҳолӣ ба пули миллӣ ва низоми бонкӣ, бо пешниҳоди Кумитаи суботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар ояндаи наздик шояд ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.
Аз ҷумла, вобаста ба дигаргун кардани андозаи меъёри пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилоти қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» тағйиру иловаҳои нав пешниҳод карда мешаванд. Тибқи тағйиру иловаҳои пешбинишуда, андозаи фоизи пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилотҳои қарзӣ ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон аз рӯи асъор, яъне бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гуногун муқаррар хоҳанд шуд.
Илова бар ин, ҷиҳати такмили гурӯҳбандии дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда ба Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Вобаста ба ин, барои ҳисоби меъёри кифоятии сармоя, қарзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд, ҳамчун дороиҳои бо назардошти хавф то 150 фоиз давра ба давра баркашида мешаванд.
Тавре аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, сари вақт амалӣ гардонидани тадбирҳои мазкур метавонад бевосита ба самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва амалисозии самтҳои асосии нақшаи стратегии онҳо мусоидат намуда, баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар кишвар саҳми арзанда гузоранд.








Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд






