Дар ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд

Май 18, 2017 16:47

ХОРУҒ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми кормандони шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон, шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ, филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолон дар ҷамоати Навобод ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд.  Ба гуфтаи сардори шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи мазкур Бунафша  Мамадбекова, дар ярмарка барои бекорон 70 ҷои корӣ ва курсҳои такмили касб пешниҳод шуд ва 40 нафар аз сокинони ноҳия худро номнавис намуданд. Дар ин ярмарка ҳамчунин намояндагони корхонаҳои хурди ҳунарҳои дастӣ бо мақсади ҷалби сокинони бекор ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили бофандагию ресандагӣ, кандакорию қаннодӣ ширкат доштанд. 20 нафар аз иштирокчиёни ярмарка барои ширкат дар ин омӯзишҳо дархост пешниҳод карданд.

Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ, ҳамчунин иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо сабабҳои гуногун аз  Федератсияи Россия ихроҷ шудаанд, ба рӯйхати авфшудагон ворид гардида, иҷозати сафар ба ин кишварро дарёфт намуданд.

 

 

Май 18, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе