Дар ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд
ХОРУҒ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми кормандони шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон, шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ, филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолон дар ҷамоати Навобод ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи сардори шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи мазкур Бунафша Мамадбекова, дар ярмарка барои бекорон 70 ҷои корӣ ва курсҳои такмили касб пешниҳод шуд ва 40 нафар аз сокинони ноҳия худро номнавис намуданд. Дар ин ярмарка ҳамчунин намояндагони корхонаҳои хурди ҳунарҳои дастӣ бо мақсади ҷалби сокинони бекор ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили бофандагию ресандагӣ, кандакорию қаннодӣ ширкат доштанд. 20 нафар аз иштирокчиёни ярмарка барои ширкат дар ин омӯзишҳо дархост пешниҳод карданд.
Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ, ҳамчунин иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо сабабҳои гуногун аз Федератсияи Россия ихроҷ шудаанд, ба рӯйхати авфшудагон ворид гардида, иҷозати сафар ба ин кишварро дарёфт намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






