Дар Балҷувон сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама аз Осорхонаи мардумӣ дидан мекунанд
БАЛҶУВОН, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва ибтикори Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Миров дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи мардумӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсис додани осорхона эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва шинос намудани мардум бо таъриху тамаддуни гузаштагони миллатамон мебошад.
Осорхона аз 5 шуъба: нигораҳои мардумӣ, давраи асри санг, давраи Ҳукумати Шӯравӣ, давраи бостонӣ, табиати зинда ва кишоварзӣ иборат аст.
Тавре директори Осорхонаи ноҳияи Балҷувон Сафар Миров итилоъ дод, осорхона дорои 2600 адад нигораҳои гуногун буда, дар он 6 нафар кормандони соҳибтахассус фаъолият мекунанд.
Соли 2001 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сурат гирифта буд. Зимни сафари корӣ Пешвои миллат аз Осорхонаи мардумии Балҷувон дидан намуданд.
Сайёҳони хориҷию дохилие, ки ба Барҷувон ташриф меоранд, пеш аз ҳама аз ин Осорхона дидан мекунанд. Онҳо борҳо ба осори гаронбаҳои ниёгон, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, баҳои баланд додаанд.
Дар давоми сол аз ҷониби кормандони осорхона ба хотири ҷалби бештари тамошобинон 9 маротиба ҳамоиш гузаронида шудааст, ки дар он 311 нафар тамошобинон иштирок карданд. Ҳамчунин аз тариқи экскурсияҳо 104 нафар хонандагон аз осорхона дидан намуданд.
Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон аз соли таъсис то инҷониб ҳамасола аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Кормандони осорхона кӯшиш менамоянд, ки барои боз ҳам бештар гирд овардани нигораҳои нодири таърихӣ, ки имрӯз дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд, тадбирҳои иловагӣ андешида, барои ғанӣ гардонидани фонди осорхонаҳои ноҳия саҳмгузор бошанд.












ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






